Шаши Капур мурд

Ҳунарманди машҳури Боливвуд Шаши Капур дар сини 79 солагӣ аз олам даргузашт. Variety  хабар медиҳад, ки ҳунармандро ҳанӯз 3-юми декабр бо сирояти роҳи нафас ба беморхона интиқол дода буданд. Бояд гуфт, ки Шаши Капур муддати тӯлонӣ аз ин беморӣ азият мекашид.

Шаши 18 марти соли  1938 дар оилаи актёри машҳури Боливвуд Притхвираджа Капур ва ҳамсари ӯ Рамсарна дар шаҳри Калкутта ба дунё омадааст. Муҳити ҳунарии оилавӣ албатта бетаъсир намонд ва Шиши ҳанӯз дар синни 6-солагӣ дар  саҳнаи театр баромад мекард. Ногуфта номонад, ки Шаши Капур аввалин ҳунарманди ҳиндуст, ки дар ИМА нақшофарӣ намудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *