Шоми адабӣ-мусиқӣ ба шоми дӯстӣ табдил ёфт
Дар мактаби махсуси фарҳангии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Олтинобод”-и шаҳри Янгийӯли вилояти Тошканди Ӯзбекистон бахшида ба 585-солагии таваллуди шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек ва тоҷик Мир Алишер Навоӣ (Фонӣ) шоми адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид. Дар он мақомоти ин шаҳр, инчунин адибон, санъаткорон, омӯзгорон ва ҷавонон ширкат намуданд. Гуфта мешавад, ин чорабинӣ таҳти унвони “Васфи Навоӣ дар навоҳои дилангез” ба вуқӯъ пайваст.
Тавре ки корманди ҳокимияти шаҳри Янгийӯл Райҳона Холмуродова гуфт, дар маросими ифтитоҳи он муовини ҳокими шаҳри Янгийӯл М.Норбоев дар бораи ҳаёт ва фаъолияти адиб,мутафаккир ва арбоби давлатӣ Мир Алишер Навоӣ сухан ронда, саҳми беҳамтои ӯро дар рушди тамаддун ва фарҳангу адаби ӯзбеку тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ басо муҳим арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи ӯ муовини ҳокими шаҳр Мир Алишери Навоиро адиби муштараки ӯзбекону тоҷикон арзёбӣ кард. Зеро вай бо ду тахаллус – Навоӣ ва Фонӣ эҷод кардааст ва ба забонҳои ӯзбекӣ ва форсӣ аз худ хеле осори бою ғанӣ ба мерос гузоштааст.



Зимни суханронӣ Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон Зулфия Мӯъминова, солистони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғди Тоҷикистон Аловидин Бобоҷонзода ва Ҳилолиддин Шамсиев, директори Кохи фарҳанги рақами 1-уми шаҳри Хуҷанд Азим Аҳроров, рассоми Театри драмавии мусиқии ба номи Райимбек Сейтметови Қазоқистон Муҳаммадҷон Абдуғалиев, Ҳунарпешаи шоистаи ЮНЕСКО Нигорахон Холхоҷаева ва дигарон дар баромади худ бо доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Мир Алишери Навоӣ маълумот ироа намудаанд.
-Ҳар як баромади ин меҳмонон дар худ хидматҳои Мир Алишери Навоӣ дар соҳаи адабу фарҳанги мардуми халқҳои ӯзбек ва тоҷикро гунҷоиш медод ва басо муҳим арзёбӣ мегардид. Иштирокчиёни гиромидошт ҳар як баромади меҳмонҳоро бо кафкӯбӣ ва гарму ҷӯшон истиқбол мегирифтанд,-мегӯяд Райҳона Холмуродова.
Тавре ки вай тазаккур дод, баргузории чунин тадбирҳо дар мақоми байналмилалӣ мояи ифтихори мардуми шаҳр мебошад. Зеро дар он шахсияҳои маъруфи адабу фарҳанги се кишвар ширкат намудаву суханрониву шеърхонӣ ва сурудхонӣ кардаанд.
Ҳамсуҳбати мо аз қавли Аловиддин Бобоҷонзода гуфт, ки тоҷикону ӯзбекон як халқеанд, ки ба ду забон ҳарф мезананд ва мардуми ду кишвар ба ин дӯстиву рафоқат ҳамеша арҷ мегузоранд. Зеро ду абармард – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баъди Ҷомӣ ва Навоӣ ин дӯстиву рафоқатро идома медиҳанд.
-Барои мардуми мо шунидани шеърҳои шоираи ӯзбек Зулфия Мӯъминова, шоири қазоқ Элдорбек Татиев, таронаҳои марғуби тоҷикии Аловиддин Бобоҷонзода ва Ҳилолиддин Шамсиев хеле мавриди писанд қарор гирифт,-мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо ва таъкид меварзад, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. гиромидошти Алишери Навоӣ бахшида шуд
Мирасрор АҲРОРОВ,
вилояти Тошканд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ