Қамчибек Ташиев аз мақоми раиси КДАМ-и Қирғизистон барканор шуд
Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ), рӯзи 10-уми феврал бо фармони раисҷумҳури кишвар Содир Жапаров аз вазифа барканор гардид. Ба ҷойи ӯ генерал-майор Ҷумгалбек Шабданбеков таъин шудааст.
Хабаргузории «24.kg» бо истинод ба фармони раисҷумҳур навишт, ки Ташиев пеш аз муҳлат аз вазифаи муовини раиси Девони вазирон – раиси КДАМ озод карда шудааст. Ҳамзамон, ҳамаи муовинони ӯ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, Ҷумгалбек Шабданбеков, ки то имрӯз сардори хадамоти 9-ум ва муовини раиси КДАМ буд, номзади мақоми раиси ин ниҳод гардида, барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод шудааст. Ӯ 55 сол дошта, соли 2022 ба рутбаи генерал-майор сарфароз гардидааст.
Содир Жапаров сабаби барканории Ташиевро зарурати пешгирӣ аз нифоқ ва тақвияти ваҳдати миллӣ унвон кардааст.
Қамчибек Ташиев ҳамчун яке аз наздиктарин ҳамсафону дӯстони раисҷумҳур шинохта мешуд. Ӯ дар давраҳои гуногун ҳамроҳ бо Жапаров фаъолият карда, аз рӯзҳои аввали ба қудрат расидани раисҷумҳур дар мақоми раиси КДАМ қарор дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ