Хатлон: Ифтитоҳи 85 корхонаи саноатӣ дар як сол
Соли 2025 дар вилояти Хатлон 85 корхонаи гуногуни саноатӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ин нукта имрӯз, 11 феврал дар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон зикр карда шуд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон афзуд, ки корхонаҳои саноатӣ бо саҳми соҳибкорон бунёд шудаанд. Ӯ мегӯяд, баъди ифтитоҳи иншооти мавриди назар 2 ҳазору 710 нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин гардиданд.
-Ҳоло дар маҷмӯъ, 912 корхонаи саноатӣ дар вилояти Хатлон фаъолият доранд, – таъкид кард вай.
Дар корхонаҳои нави саноатӣ соли 2025 – ум дар ҳаҷми 260 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Бо ба кор оғоз кардани корхонаҳои нав, зиёда аз 2 ҳазору 710 ҷойи нави кории доимӣ ташкил гардид.
Соли 2025 дар маҷмӯъ дар вилояти Хатлон наздик ба 14 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбати соли гузашта кам не, 1 миллиарду 900 миллион сомонӣ зиёд аст. Суръати рушд бошад, беш аз 111 дарсадро ташкил мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ