Си Ҷинпин аз мусалмонон узр ва дуо хост (Видео)

Президенти Чин Си Ҷинпин ба Масҷиди “Ниюӣ”-и Пекин ташриф оварда аз мусулмонони кишвар узр ва як каф дуо талаб кард. Дар ин бора телевизиони CCTV + хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, президент аз мусалмонон хоҳиш кардааст, ки барои шифо ёфтани нафарони ба каронавирус мубтало гардида, дуо кунанд.

Бояд гуфт, ки коронавирус дар Чин рӯз аз рӯз доман паҳн карда нафарони зиёдеро ба ками худ кашидааст. Чунин ба назар мерасад, ҳукумати Чин то ҳол илоҷи табобати вирусро пайдо накардааст. То ба имрӯз шумораи нафароне, ки аз коронавирус дар Хитой сироят ёфтаанд, ба 28018 нафар расида, 563 тани дигар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Чин барои пешгирии вирус тамоми чораҳоро андешида истотааст, ҳатто ҳукумат барои мубталоёни вирус дар давоми 10 рӯз беморхонае бо ғунҷоиши 1000 ҷойи хоб сохта ба истифода дод, ки чунин зуд сохтани беморхонаи бузургу замонавӣ давоми 10 рӯз ҷомеаи ҷаҳониро ҳайратзада намуд. Аммо тавре ба назар мерасад, ин ҳама кӯшиш барои пешгирии вирус дар Чин мусоидат накард.

Ҳоло раисҷумҳури Чин ба як масҷиди маҳаллӣ ташриф оварда, аз мусулмонон даъват мекунад, ки  бораи пешгири кардани паҳншавии вирус дуо кунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.