СММ аз афзоиши истеҳсоли кӯкнор нигарон аст

Созмони Милали Муттаҳид бо изҳори нигаронӣ гуфтааст, имкон дорад, истеҳсоли афюн дар Афғонистон то ду баробар афзоиш ёбад.

Бар пояи гузориши Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, кишти кӯкнор соли равон нисбат ба суоли гузашта 10% зиёд ба қайд гирифта шудааст. «Ин аз афзоиши истеҳсоли афюн то 43% дарак медиҳад», — омадааст дар гузориш.

Ба гуфтаи идораи мазкур, бештари заминҳои кишти кӯкнор дар ихтиёри ҳаракати террористии Толибон аст.

Аз ҳафт қутичаи кӯкнори афюн, маводе, ки баъди коркардаш ба морфин ва ҳероин табдил меёбад, истеҳсол мекунанд. Аз соли 2001 ин ҷониб кишти кӯкнор дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Соли 2013 дар ин кишвар наздики 5 ҳазор тонна афюн истеҳсол шудааст, ки ҳудуди 80%-и истеҳсоли ҷаҳонии ин навъи маҳсулотро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *