«Смуглянка” дар иҷрои кӯдакони тоҷик шӯҳратёр гашт (Видео)

Намоҳанг (видеоклип)-и таронаи машҳури солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ бо номи «Смуглянка” дар иҷрои кӯдакони тоҷик аз боғчаи кӯдакони рақами 6-уми ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар байни ҳамагӣ 5 рӯз дар шабакаи «Одноклассники” қариб 5,5 миллион нафар тамошо кардаанд. Ин намоҳангро телевизиони маҳаллии «Ғӯлакандоз” сабт ва нашр кардааст.

Таронаи машҳури солҳои Ҷанги ватанӣ бо номи «Смуглянка” дар иҷрои кӯдакони тоҷик аз боғчаи кӯдакони рақами 6-ум «Гулшан” аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд яке аз пуртамошобинтарин наворҳои рӯзҳои охир дар Интернет шудааст.

Ин таронаро, ки шабакаи маҳаллаи телевизионии «Ғӯлакандоз” ба муносибати солгарди 73-юми пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ ва ба ёди Хори машҳури ба номи Александр сабт ва нашр кардааст, танҳо дар як саҳифа дар шабакаи «Одноклассники” дар байни ҳамагӣ 5 рӯз қариб 5,5 миллион нафар тамошо кардаанд.

То кунун ба ягон клипи тоҷикӣ муяссар нашудааст, ки дар чунин муддати кӯтоҳ дар Интернет ин қадар тамошобин ба даст биоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *