Собиқадори футболи тоҷик Сулаймон Бобокалонов даргузашт
Собиқадори футболи тоҷик ва собиқ сармураббии тими миллии занонаи Тоҷикистон Сулаймон Бобокалонов дар синни 67-солагӣ дар Челябинск даргузашт.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ӯ ҳамчун бозигар дар бошгоҳҳои «Помир»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Ситора» ва «Бофанда»-и Душанбе, «Шодмон»-и Ҳисор ва ғайра баромад кардааст. Ӯ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 4 вохӯрӣ анҷом додааст.
Фаъолити марҳум дар футболи занона мақоми хоса дошт.
Сулаймон Бобокалонов солҳои тӯлонӣ мураббии «Ласточка»-и Душанбе буда, тими миллии занонаи Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст. Ба шарофати талошҳои ӯ, бисёре аз духтарон тавонистанд, ки малакаи худро сайқал дода, ҳамчун футболбози касбӣ фаъолият намоянд.
📱 Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ