Содироти ангишти Тоҷикистон ба дигар давлатҳо афзудааст

Дар нимсолаи аввали соли равон содироти ангишт аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар 278,3 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, кишвар ангишташро ба Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон содир кардааст. “Ба Покистон 93,1 ҳазор тонна, Афғонистон — 183,7 ҳазор тонна ва ба Ӯзбекистон 1,5 ҳазор тонна содирот шудааст”,- иттилоъ медиҳад вазорат.

Ҳамзамон, тибқи иттилои ҳамин вазорат, содироти ангишт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (18,8 ҳазор тонна) 14,8 мартоиба зиёд гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар 10 кони ангишт 13 корхона фаъолият доранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.