«Сомон Эйр» 8% тахфиф пешниҳод мекунад

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар иртибот  ба таҷлили Рӯзи Модар,  ки ҳамасола 8 март таҷлил мегардад, иқдоми наҷиб роҳандозӣ менамояд.

Ба  муносибати ин иди фархунда ширкати «Сомон Эйр» барои кулли мусофироне, ки аз 1 то 8 март чиптаи ҳавопайморо аз фурӯшгоҳи ширкат, воқеъ дар кӯчаи М.Мастонгулов, 40-и шаҳри Душанбе харидорӣ менамоянд, дар ҳамаи хатсайрҳои аз ҷониби ширкат иҷрошаванда 8% тахфиф пешниҳод мекунад.

Дар айни замон «Сомон Эйр», ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад, парвозҳоро муваффақона аз Тоҷикистон ба самти Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад.

Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг  737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *