Суғд: Боздошти зани 27-сола ҳангоми фурӯши кӯдаки 4 – сола

Дар Суғд як зан талош дошт, ки фарзанди 4 – солаи худро бар ивази пул ва хона фурӯшад.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд,  ин зан сокини 27 – солаи деҳоти Овчӣ-Қалъача буда, мехост, ки духтари хурдсолашро бар ивази 14,8 ҳазор сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар Хуҷанд фурӯшад.

“Зан ҳангоми гирифтани маблағ аз сӯи кормандони милитсия боздошт шуд”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳоло нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ӯро аз 5 то 8 соли зиндон интизор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *