Суғд: 321 ҳодисаи фавқулодда дар 6 моҳ, 84 нафар ба ҳалокат расиданд

Дар вилояти Суғд давоми шаш моҳи соли равон 321 ҳодисаҳои фавқулодда ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 84 нафар ба ҳалокат расидаанд. Маблағи зарари расида 3 миллиону 508 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Омори ҳодисаҳои фавқулодда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳолат зиёд аст. Теъдоди фавтидагон  дар пайи ҳодисаҳои фавқулодда дар ин давра 8 нафар бештар аст.

Ҳамчунин, дар нимсолаи якуми соли равон дар ҳудуди вилоят 5 ҳодисаи  фавқулоддаи хусусияти табиидошта-лағзиши тарма, раъду барқ ва сел ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Маблағи зарари расонидашуда 874 ҳазору 770 сомониро ташкил намудааст.

Омори ғарқшудагон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 16 ҳодисаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин даври соли 2024-ум 8 ҳолат кам мебошад. Аз тарафи наҷотдиҳандагон 10-нафар аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.

Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *