Суғд: Берунории «Мерседес-Бенс» бо ду ҷасад аз Сирдарё

Баъди се рӯзи корҳои ҷустуҷӯӣ, шоми 21 март аз дарёи Сир нақлиёти «Мерседес-Бенс» бо ду ҷасад берун оварда шуд. Бино ба иттилои пешакии ситоди ҳолатҳои фавқулода аз дохили нақлиёт ҷасади ронандаи 28 сола ва мусофири 24 сола, ки ҳар ду сокинони шаҳри Хоруғ мебошанд берун оварда шуд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми сарозер шудани нақлитёт дар шаби 19 март танҳо як нафар мусофири 22 сола, ки аз ӯ низ сокини шаҳри Хоруғ ном бурда мешавад тариқи шинокунӣ худро наҷот додааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки ҳангоми сарозер шудани нақлиёт аз болои пули «Ҷашнӣ» дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир ду нафар тариқи шинокунӣ худро наҷот додаанд. Бино ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқулода соати 01:00 шаби 19 март автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатиаш 00-08 СP 02 ТҶ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд аз самти Пулчуқур ба самти маҳаллаи 31 бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонистааст.

Баъдан нақлиёт ба монеагии роҳ бархӯрда аз болои панҷараи болои пул ба дарёи Сир сарозер шудааст.

                                                                                                                                                Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *