Судҳои Тоҷикистон дар соли 2025 зиёда аз 153 ҳазор муроҷиатро баррасӣ карданд

Соли 2025 аз ҷониби судҳои Тоҷикистон дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ дар маҷмӯъ 153 ҳазору 150 парванда баррасӣ шудааст.

Ба ин шумора парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷроичиёни хадамоти иҷро дохил мешаванд.

Дар ин бора раиси Суди Олии Тоҷикистон Рустам Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 464 адад кам мебошад.

Тақсимоти парвандаҳо чунин аст:

  • 15 316 парвандаи маданӣ (соли 2024 – 13 326);
  • 47 141 парвандаи оилавӣ (соли 2024 – 46 063);
  • 13 799 парвандаи ҷиноятӣ (соли 2024 – 12 036);
  • 51 431 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (соли 2024 – 75 379);
  • 8 117 дархости мақомоти тафтиши пешакӣ (соли 2024 – 8 255);
  • 8 410 пешниҳоди сохтору мақомоти дахлдор (соли 2024 – 6 995).

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки коҳиши умумии шумораи парвандаҳо асосан аз ҳисоби кам гардидани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба вуҷуд омадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *