Сӯхтор дар бинои дуошёнаи Норак таҳқиқ мешавад

Мақомоти оташнишонии Тоҷикистон ба таҳқиқи сабабҳои сӯхтори як бинои дуошёна дар шаҳри Норак оғоз кардаанд.

Ҳодиса рӯзи 7-уми июн рух дода, бино пурра дар оташ сӯхтааст.

Ба иттилои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, мутахассисон ҳоло сабабҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд. Пас аз анҷоми таҳқиқот натиҷаҳо расман эълон хоҳанд шуд.

Дар ҳукумати шаҳри Норак низ гуфтаанд, ки масъулон дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, корҳои бартарафсозии паёмадҳои сӯхторро назорат мекунанд.

Навори ин ҳодиса шаби 7-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Ба гуфтаи сокинон, бино аз чӯб сохта шуда, аз замони Шӯравӣ боқӣ монда буд.

Тибқи маълумоти нашршуда дар расонаҳо, дар натиҷаи ин ҳодиса зиёда аз 14 оила бе манзил мондаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *