Супоришҳои мушаххаси Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният
19 феврал таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва кормандони Котиботи Шӯро иштирок карданд.
Ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оид ба фаъолияти онҳо дар соли 2025 шунида шуд.
Президенти кишвар ба роҳбарону масъулин ҷиҳати таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин шуда, шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беҳтар карда шавад.
Диққати роҳбарон ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла пешгирии ҷиноятҳои мансабӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ҷалб карда шуд.
Сарвари давлат зарурати андешидани чораҳои қатъиро барои ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуд.
Роҳбарони сохторҳои низомӣ инчунин вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро дар самти тарбияи кадрҳо, интихоби дуруст ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб, истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир, рушди саноати мудофиавӣ, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти киберӣ тақвият бахшанд.
Ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳи касбият, ватандӯстӣ ва худшиносии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар поёни ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ