Тағироти кадрӣ: Ном ба ном
Имрӯз, 7 январ дар чанде аз мақомоти шаҳру ноҳияи Тоҷикистон тағироти кадрӣ сурат гирифт. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ва роҳбарӣ дар дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Кадрҳои навтаъин инҳо ҳастанд:
- Солеҳзода Ашурбой – муовини раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод;
- Раҳмонзода Абдулло – муовини раиси вилояти Хатлон оид ба идеология;
- Пирзода Диловар – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб;
- Набизода Фаррухуддин Амурдин – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
- Рауфзода Саймумин Тоҷиддин – раиси ноҳияи Ховалинг;
- Ализод Азизулло Муҳибулло – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун;
- Ҷумазода Шарифҷон – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара;
- Қодирӣ Абдусаттор Ғаффорзода – раиси шаҳри Истаравшан;
- Нӯмонзода Темурҷон – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
- Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен;
- Салимзода Нусратулло Файзулло – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ;
- Муминзод Камолиддин Рамазон – раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Давлатзода Зарина Дилмурод – муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Маъмурзода Адҳам Маъмур – мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
- Шарифзода Мануҷеҳр Муртазо – директори Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ