Таъиноти кадрӣ дар мақомоти шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон


Имрӯз,7 январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ва роҳбарӣ дар дигар сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.


“Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти иқтисоди миллии кишвар дар соли 2025 муовинони раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Рӯдакӣ, раис ва муовинони раиси Кумитаи рушди маҳал аз вазифа озод гардида, ба ин вазифаҳо кадрҳои дигари ҷавону варзида таъин карда шуданд”,-иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Солеҳзода Ашурбой аз вазифаи муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Раҳмонзода Абдулло аз вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва муовинони раиси вилояти Хатлон оид ба иқтисод ва идеология таъин гардиданд.
Ҳамчунин, ба вазифаи директори муассисаи давлатии “Театри миллӣ” Шарифзода Манучеҳр, ки то ин вақт муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *