Тағйироти кадрӣ. Курсии яке холиву дуи дигар соҳибашро ёфт

Шералӣ Ганҷалзода, Дилшод Исматуллозода ва Шавкат Бобозода аз мақомашон барканор гардида, аммо ба ҳеҷ куҷо таъин нашуданд.

Бо фармони Президенти мамлакат  Дилшод Исматуллозода “бо сабаби ба кори дигар гузаштан”аз мақоми директори Ширкати ҳавопаймои  “Тоҷик Эйр” озод ва ба ҷои ӯ  Шодмонзода Парвиз Абдураҳим таъйин гардид.

Дилшод Исматуллозода, ки қаблан дар мақоми муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор мекард, 22 январи соли 2019 дар ҳоле масъулияти роҳбари Ширкати  “Тоҷик Эйр” таъйин шуд, ки ин ширкат ба сабаби мушкилоти молиявӣ ҳамаи парвозҳояшро қатъ кардааст. Як вазифаи асосие, ки дар назди Исматуллозода гузошта буданд, рафъи мушкилоти молиявӣ ва дубора фаъол сохтани “Тоҷик Эйр” буд. Бо гузашти 3 солу 8 моҳи фаъолияти Дилшод Исматуллозода, ба истиснои чанд парвози чартерӣ, ки зоирони тоҷикро ба сафари Ҳаҷ бурду овард, ин ширкат дигар натавонист ягон парвози мунтазам анҷом диҳад.

Ҳамчунин, Шералӣ  Ганҷалзода  “бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт” озод карда, ба ин мақом Қурбонзода Далер Қурбон таъйин шуд.  

Шералӣ Ганҷалзода дар мақоми сардори Хадамоти назорат ва танзими соҳаи нақлиёт 4 сол кор кардааст. Ду сол   вазири нақлиёт ва чанд соли дигар муовини ин ниҳод низ буд.

Бо фармони дигари Президенти кишвар Шавкат Бобозода аз мақоми директори Агентии содирот озод шуд. Ӯ  4 сол дар ин ниҳод роҳбар буд. Ӯ қариб 6 сол  вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳам буд.  Аммо мувофиқи хабарҳои охир Шавкат Бобозода тақрибан ду ҳафта боз дар ҳабс қарор дорад. Бобозода гӯё аз як ширкати хориҷӣ дар ивази “мусоидат” 300 ҳазор доллар пора талаб кардааст.  Ҳоло курсии директори Агентии содирот холӣ монда, ба ҷойи Шавкат Бобозода касе таъмин нашудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.