Тақдими 10 хона ба оилаҳои камбизоат дар Конибодом

Соҳибкори тоҷик аз шаҳри Конибодом 10 хонаи истиқоматӣ сохта, аз номи Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд тақдим кард.

Калиди хонаҳоро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом ба соҳибонашон супориданд.

Бино ба иттилои расида, ин соҳибкор Акмалҷон Шокиров, роҳбари ширкати “Мерос” будааст, ки ба 5 оилаи пешқадами ширкати мазкур ва 5 оилаи ниёзманд хона тақдим кардааст. Ӯ низ ҳангоми тақдими хонаҳо ҳузур дошт.

Ба гуфтаи Дилшодҷон Холматов, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Конибодом, ин соҳибкори маҳаллӣ қаблан низ ба 8 оилаи ниёзманд хона тақдим карда буд, аммо он замон нахост, ки ин иқдомаш расонаӣ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *