Тақвими рӯз: Рӯзи пешхизмат ва ҷорӣ шудани никоҳи ҳатмӣ

Таърихи 6 феврал соли 1875 дар Германия бақайдгирии ҳатмии никоҳи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.

Дар ин рӯзи соли 1894 шаҳрвандони вилояти Онтариои Канада барои манъ кардани нӯшокиҳои спиртӣ овоз доданд.

Ва ҳамчунин имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии пешхизмат дониста мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–100-солагии зодрӯзи Абдуғаффор Муллоҷонов (1920-1973), арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

–105-солагии зодрӯзи Галина Пугаченкова (1915-2007), доктори илми санъатшиносӣ, профессор.

–90-солагии зодрӯзи Григорий Сербул (1930-2010), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

–110- солагии зодрӯзи Абдулло Юсуфӣ (1910-1971), луғатшинос.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.