Таҷлили Рӯзи Модар дар Хуҷанд

Рӯзи Модар бо баргузории барномаи тантанавӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

 Имрӯз, 7 март дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми арзандаи занону модарон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани мақом ва манзалати онҳо дар ҷомеа, таҳкими нақши зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ Рӯзи Модар бо баргузории барномаи тантанавӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

Бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, 8 март низ дар шаҳр тантанаҳои идона  баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки давоми ҳафта дар доираи таҷлили Рӯзи Модар дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо вобаста ба дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият конфронсҳо гузаронида шуда, бо иштироки занони барӯманду собиқадор мулоқоту суҳбатҳо барпо карда шуданд.

Дар робита ба Рӯзи Модар дар шаҳр ҳамзамон аёдат ва қадршиносии модарони танҳо, занони фаъол ва собиқадорони меҳнат ба роҳ монда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *