Тафсилоти куштори бераҳмона дар Саратоқ (аудио)

Як сокини ноҳияи Айнӣ бо гуноҳи куштори  вазнин 10 сол равонаи зиндон шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафсилоти ин кушторро гуфтанд.

Суди ноҳияи Айнӣ сокини 55-солаи деҳаи Саратоқи ҷамоати Фондарё Аюб Яқибовро бо ҷурми қатли сокини ҳамдеҳа ва қудои собиқаш Розия Холоваи 59-сола ба 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Гуфта мешавад, ки  Розия Холова барои Аюб Яқибов натанҳо қудои собиқ, балки хеши наздик — духтари амак ва хоҳарарӯсаш ҳам будааст.

Ҳукми Яқибов ҳанӯз рӯзи 2 августи соли 2022 содир шудааст, вале маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон 14 сентябр бархе тафсилоти ин парвандаро нашр кард.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 11 августи соли 2018 Холова Розия, сокини деҳаи Саратоқ хоҳарзодааш Шоистаи Аюбро ба писараш Холов Меҳваршо хонадор кард, вале бинобар нофаҳмиҳои зиндагӣ оилаи онҳо вайрон шуда, онҳо  расман соли 2020 аз ҳам ҷудо шуданд.

Тафсилоти ҳодисаи марговар дар Саратоқ чунин аст:

-Аюб Яқибов аз ин нисбат ба Розия  Холова хусумат пайдо карда, нақшаи куштори ӯро тарҳрезӣ менамояд. Аюб Яқибов  13 июни соли 2022 огоҳ  мешавад, ки Холова Розия аз Русия баргашта, дар хонааш қарор дорад. Барои амалӣ намудани нақшаи куштани Холова, ки пешакӣ тарҳрезӣ намуда буд, Яқибов  машруботи спиртиро истеъмол намуда, аз пайи ба қатл расониданӣ Розия Холова мешавад. Субҳи 14 июни соли 2022, тахминан соати 08-00 ӯ  бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ гардида, ба манзили истиқоматии Р. Холова рафта, дар саҳни ҳавлӣ ӯро дида, бо мақсади ба қатл расонидан, бо корд ба қисмати шикам, дил ва тахтапушт зарбаҳои ҷонкоҳ расонида, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Худи ҳамон рӯз Розия  ҳангоми аз ҷониби хешовандонаш ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон-1 интиқол додан аз ҷароҳатҳои зиёди дар узвҳои ҳаётан муҳими  баданаш гирифта ба ҳалокат расидааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам иттилоъ додааст,  ки Яқибов субҳи барвақти 14 июни соли 2022 хушдомани собиқи духтараш Холова Розия Ҳомидовна, соли таваллудаш 1963, сокини деҳаи Саратоғро дар хонаи истиқоматиаш бо корд зада, ба ҳалокат расондааст. Яқибов ҳангоми куштани қудои собиқаш бо вуҷуди онки ҳанӯз субҳи барвақт буд, дар ҳолати мастӣ қарор дошт.

ВКД гуфт, ҷудо шудани писари Розия Холова аз духтари Аюб Яқибов боиси хусумати давомдор байни ду авлод шуд, ки дар ниҳоят ба чунин фарҷоми хунин овард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.