Тафсилоти садамаи ду таксӣ дар шаҳри Душанбе

Мақомоти милитсияи пойтахт садамаи ду таксиро дар кӯчаи Нисор Муҳаммад шарҳ дод.

Ҳодиса 24-уми июл рух додааст. Навори видео аз ҷойи ҳодиса худи ҳамон рӯз дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.

Дар хабари сомонаи dushanbepolice.tj, ки 26-уми июл нашр шуд, гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи «Hyundai Elantra» Салимов Баҳриддин ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С. Айнӣ ба самти кӯчаи Нисор Муҳаммад зимни сабқат ва гардиши нодуруст намудан, ба автомашинаи тамғаи «Кия-Рио» зери идораи шаҳрванд Фарҳод Ҳаққулов бармехӯрад.

“Хушбахтона, дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардоштааст, аммо ҳар ду воситаҳои нақлиёти мусофирбар зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд”,- зикр мешавад дар хабар.

Вобаста ба ин ҳолат таҳқиқ давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *