Тағйироти кадрӣ дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз, 23 апрел як қатор тағйироти кадрӣ дар сатҳи давлатӣ сурат гирифт, ки ба фаъолияти соҳаҳои фарҳангӣ ва идоракунии давлатӣ марбут мебошанд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президент тағйироти роҳбарӣ амалӣ гардид.

Файзализода Ҷумахон Хол, ки солҳои зиёд ин муассисаи бузурги фарҳангиро роҳбарӣ мекард, бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод карда шуд.

Ба ҷои ӯ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ директори нави Китобхонаи миллӣ таъин гардид. Ӯ то ин муддат муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд.

Ҳамчунин, имрӯз дар Қасри миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда дар як қатор сохторҳои давлатӣ таъин гардидаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни ин мулоқот, масъалаҳои муҳимми тақвияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулият ва таъмини иҷрои самараноки вазифаҳо баррасӣ гардиданд. Сарвари давлат ба роҳбарони навтаъиншуда дастур дод, ки дар шароити муосир бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, касбият ва масъулият фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *