81 сол пеш: тавлиди Зафар Нозим

Агар умр вафо мекард, имрӯз ҳунарманди шинохтаву дӯстдоштанӣ Зафар Нозим 81-сола мешуд.

Зафар Нозим, сарояндаи саршиноси тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1974), дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (2002), дорандаи Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон (2009).

С.Мирзорахматов: Прощайте, маэстро Зафар!

Зафар Нозим 2 июни соли 1940 дар деҳаи Ҳоити водии Рашти Тоҷикистон дар хонаводаи як сокини одӣ ба дунё омада ва зери сояи модари танҳо бузург шудааст. Охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни XX ба саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе шӯҳрате ба даст овард, ки ҳунармандони собиқадор надоштанд.

Ӯ дар гузашта раҳбари Филармонияи давлатӣ ва гурӯҳи мардумии фолклории «Ганҷина» буд. Ансамбли фолклории «Ганҷина» соли 1986 бо Қарори Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикистон таъсис шуда, роҳбари аввалинаш Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозим буд, ансамбли мазкур алҳол ба пуррагӣ фаъолият дошта, санъати мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён тарғиб намуда истодааст. Зафар Нозимро яке аз шаҳсутунҳои кохи муҳташами санъати миллии мардуми тоҷик унвон мекунанд.

Зафар Нозим — музыка, биография, видео певца

Эҷодиёт

Барномаи ӯ хеле доманадор буда, сурудҳои халқӣ, лирикии ишқӣ, панду ахлоқӣ, инчунин сурудҳои дигар халқҳои ҷаҳон (афғонӣ, эронӣ, ҳиндӣ, русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва ғайра)-ро дар бар мегирад. Муаллифи зиёда аз 100 суруд (ба ашъори классикони адабиёти гузашта ва муосир): «Эй сорбон», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо», «Модар», «Соҳибдилон», «Эй, дӯстон», «Васфи Тоҷикистон» ва ғайра.

Бо барномаҳои консертӣ ба ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС ва мамолики хориҷӣ (Эрон, Афғонистон, Муғулистон, Туркия, Югославия, Олмон, Австрия, Ҳиндустон ва ғайра) сафарҳои эҷодӣ дошт. Устоди чандин сарояндагони боҳунар аст.

Сын Зафара Нозимова скончался, после того как был избит неизвестными »  Главные новости Таджикистана | Лента новостей ИА "Независимое мнение" |  Новости Таджикистана сегодня

Беморӣ ва даргузашт

Зафар Нозим 3 августи соли 2010 бар асари як бемории тӯлонӣ дар синни 70-солагӣ дар шаҳри Душанбе ҷаҳонро падруд гуфт. Ӯ аз охирин ҳунармандони соҳибмактаби тоҷик буд, ки садҳо сарояндагонро ба воя расонд ва як саҳифаи рангинро дар таърихи санъати тоҷик боқӣ гузошт

Одина Хошимов - Зафар Нозимов - Чурабек Муродов

Ҷоизаву ифтихорот

Зафар Нозим ба унвонҳои муътабари Ҳунарманди шоистаи ҶШС Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон ва дар замони истиқлоли Тоҷикистон ва бо дигар шудани ҳукумат барои талошу кӯшишҳояш дар пешрафти ҳунару фарҳанг бо нишонҳои «Шараф» ва «Дӯстӣ», «Ситораи Президент» ва унвони пурифтихори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мушарраф шудааст.

Википедия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *