Футболи Тоҷикистон 5-уми апрел оғоз мешавад

Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастањои Лигаи олї 5-уми апрел шурӯъ мешавад, ки ин мавсими 29-уми баргузории он ба њисоб меравад.

Дар мавсими нави Чемпионати футболи Тоҷикистон 10 даста иштирок мекунанд. Инҳо дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), КМВА (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Файзканд» (Восеъ) ва «Душанбе-83» (Душанбе) њастанд.

Чемпионати Тоҷикистон-2020 дар се марҳила баргузор мешавад, ки ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад.

Дар асоси низомнома, дастаҳое, ки дар Лигаи олӣ дар ҷадвали ҷамъбастӣ ҷойҳои нуҳуму даҳумро ишғол мекунанд, ба Лигаи якум мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи Лигаи якум дар мавсими 2021 дар Лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.

Дар даври аввали Чемпионати футболи Тоҷикистон 5-уми апрел се бозї ба наќша гирифта шудааст. Дар ин рўз «Локомотив-Помир» бо «Файзканд», «Хатлон» бо «Истаравшан» ва «Куктош» бо «Регар-ТадАЗ» бозї мекунанд. Ду бозии дигар 8-уми апрел сурат мегиранд. Дар ин рўз «Душанбе-83» бо «Истиќлол» ва КМВА бо «Хуљанд» вомехўранд.

Чун анъана пеш аз оѓози чемпионат бозї барои дарёфти Абарљоми Тољикистон баргузор мешавад, ки чемпиони Тољикистон ва ѓолиби Љоми Тољикистон дар соли 2019 дастаи “Истиќлол” ва барандаи медали нуќраи Чемпионати Тољикистон дар соли гузашта дастаи “Хуљанд” талош мекунанд. Дидори дастањо 4-уми апрел дар Варзишгоњи марказии шањри Душанбе баргузор мешавад.

Чемпионати Тољикистон. Лигаи олї. Даври якум.

5 апрел (якшанбе), оѓоз  соати 16:00

«Локомотив-Помир» – «Файзканд»

«Хатлон» – «Истаравшан»

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

8 апрел (чоршанбе), оѓоз соати 16:00

«Душанбе-83» – «Истиќлол»

КМВА – «Хуљанд»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *