Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Макони мулоқоти ҳазрати Исо ва Муҳаммад (с)

Дар ҳошияи 85- солагии нависандаи маъруфи русзабони тоҷик Тимур Зулфиқоров мусоҳибаи Шариф Ҳамдампур, ки чанд сол қабл бо ӯ сурат гирифтааст, пешниҳоди хонандагон мегарад.

Рӯйи пули борике, ки ду соҳили «Варзоб»-ро ба ҳам мепайваст, марди дарвешсурате чашм ба мавҷи хурӯшони дарё дӯхта, ғарқи олами хаёлот гашта буд. Бо шунидани садои таваққуфи мошини мо нигоҳ аз рӯд барканду солор-солор қадам ҷониби мо гузошт.

— Рӯдхонаи Варзоб дар фасли гармои тобистон манзили наҷоти ман аст, — ба сухан омад ӯ. — Ҳарчанд дар ин ҷо ғурфае барои паноҳ бурдан аз гармову даст ба эҷод задан надорам, дӯстону мухлисонам чун дарвешон кунҷи хонае, пораи нонеро бо ман мебинанд.

Дар сухани Тимур Зулфиқорови паймонаи умраш ба 80 расида, яъсу дар уфуқи он умед эҳсос мешуд.

Ӯ моро ҷониби сурфа хонд. Сурфаи танг гилеми афсонавие буд. Гилеме, ки моро ба осмони парвози хаёлоти нависандае, ки дар қатори 10 машҳуртарин нависандагони рус ва   100 мумтозтарин қаламкашони ҷаҳон қарор дорад.     

Дар давоми суҳбат Исои Масеҳ, Муҳаммад (с), Конфутсий, Сталин, Чингизхон, Рӯдакӣ, Мавлавӣ, Фирдавсӣ, Толстой, Маркес… бо мо мепайванданд… Бузург аз бузургон ҳарф мезанад, чунон ки Лоиқ гуфтааст:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

— Тимур Қосимович, ҷавонӣ саршор аз неруст, ҳамеша дар талоши фатҳи қуллаҳост, андеша чун хунаш дар ҷӯш аст. Даме ки паймонаи умр ба 80 мерасад, инсон, билхоса, нависандае чун Шумо, дар бораи чӣ фикр мекунад?

— Дар бораи чӣ? Шурӯъ мекунем, аз марги китоб. Ман дар ҳайратам, ки шавқи китоб хондан аз байн меравад, аммо мағозаҳо пур аз ин махзани донишанд. Албатта, чунин фазо вобаста ба муҳиту кишварҳост. Масалан, агар ба мағозаҳои китобфурӯшии Амрико дароед, ҳамеша пур аз одаманд, мардум китоб мехонанд. Дар он кишвар барои аз байн нарафтани китоб ва китобхон кардани мардум миллиардҳо доллар сарф мекунанд. Маблағҳои хеле зиёд барои тарғиби китоб сарф мешаванд. Албатта, қисмати зиёд китобҳоеанд, ки моли асили адабиёт нестанд. Халтуранависону графоманҳо ҷойи нависандагони асилро мегиранд. Ба ном нависанда ва дар нохунак «шоирон» тариқи телевизион баромад мекунанд, аз ҳарзаҳои онҳо мавҷҳои радиоҳову телевизион, саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо пуранд.  Барои ҳамин, ақидае, ки гӯё китоб мемирад, асос надорад. Воқеият ин аст, ки адабиёти асил намемирад. Зеро нависанда, шоири асил наметавонад худаш асарашро тарғибу дастрас кунад. Метавонам даҳҳо нависандаро номбар кунам, ки соҳибкитобанд, аммо ба адабиёт ҳеҷ иртиботе надоранд. Як замон зери шиори «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, як шавед!» пролетарҳо ҷамъ меомаданд, ҳоло зери ин шиор графоманҳо муттаҳид мешаванд.

Тимур Зулфиқоров нависанда  шоир, нависанда ва драманависи маъруфи русзабони тоҷик. Падараш Қосим Зулфиқоров котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳринав. Модараш забоншиноси маъруф, профессор Людмила Владимировна Успенская, муҳаққиқи муваффақи шевашиносӣ дар Тоҷикистон, муаллифи  “Луғати тоҷикӣ—русӣ”.  Соли таваллуд: 1936 (17 август).

— Чаро чунин аст? Сабаби рушди «адабиёти графоманҳо» ва дар гӯшаи фаромӯшӣ афтодани адабиёти асил дар чист?

— Сабаб он аст, ки графоманҳо зиёданду нависандагони асил дар ҳар давлат 2-3 ва зиёди зиёд 4-5 нафаранд.

— Имрӯз дар дунё, махсусан, аз тариқи интернет пахши иттилоот суръати кайҳонӣ гирифтааст. Маълумоти заруриро инсон метавонад дар чанд дақиқа ба даст орад. Аммо мутолиаи адабиёт вақту ҳавсала мехоҳад. Шояд канор рафтани адабиёт раванди табиӣ бошад?

— Не. Ин монанди дарахтест, ки пир шуда, решаҳояш мепӯсанду аз тарафи дигар решаҳои онро мекананд.

— Маънии ташбеҳи Шуморо нафаҳмидам.

— Адабиёт ё худаш мемирад ва ё онро мекушанд. Амиқ намеравем. Тавре гуфтам, графоманҳо мисли иблисон ба адабиёт часпидаанд ва бо худнамоӣ рақобат мекунанд. Нависандаи асил барои чунин корҳо вақт надорад, мешинаду эҷод мекунад.

Хушбахтона, дар Ғарб як гурӯҳ ашрофзодагон анъанаи ҳазорсоларо идома дода, адабиёт, мусиқӣ, кино ва рассомии асилро нигоҳ медоранд ва инкишоф медиҳанд. Ин хурсандиовар аст. Хурсандии дигари ман ин аст, ки тоҷикон, ки фарҳанги ҳазорсола доранд, дар мисоли Рӯдакӣ, ки 1150 сол пеш бо забони барои имрӯзиён фаҳмо менавишт, адабиёти классикӣ, яъне асилро зинда нигоҳ медоранд ва мусиқии классикиро ва рассомиро мепарастанд. Русҳо низ ҳамеша Толстой ва Гоголро дӯст медоранд…

— Маҳз дар ҳамин давлатҳое, ки Шумо классикдӯсташон гуфтед, хондан аз байн меравад. Дар дунё лоақал графоманҳоро мехонанд, аммо дар Тоҷикистон умуман намехонанд. Вазъи мутолиаи русҳо ҳам зиёиёни русро ба ташвиш овардааст.

—  Ҷопонҳо исбот кардаанд, ки инсон се моҳ китоб нахонад, 80 фоизи фаъолияти мағзи сараш аз кор мемонад. Яъне, инсон ба гӯсфанд мубаддал мешавад ва метавонад қадамашро калон-калон ҷониби рама гузорад. Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ мардум адабиёти асилро мутолиа мекард, маҷбур мекарданд, ки хонад. Маълум шуд, ки инсонро, барои он ки инсон бошад, маҷбур кардан лозим. Чун тарбияи ҳама баробар нест, як нафар аз кӯдакӣ пушти роял мешинад, Библияву Қуръон ва адабиёти ҷиддӣ мехонад, аммо як нафари дигар дур аз ҳаёти инсонӣ тарбия мегирад. Барои ҳамин, тарбия омили муҳим аст, зеро аввалиро наметавон харид, аммо харидани дувумӣ осон ва бо чанд танга аст.

— Чӣ бояд кард, ки ақаллан фазои китобхонии замони шӯравиро барқарор кунем, чун имрӯз, тавре ёдовар шудем, мардум намехонад ва ба гуфти Шумо ҷониби рама равонанд? 

— Барои он ки мардум китобхон шаванд, аз кӯдакишон маҷбур бояд кард, ки адабиёт хонанд. Роҳи ҳалли масъала дар маҷбур кардан аст. Ба наздикӣ миёни озариҳо ва арманиҳо як нооромӣ шуду онҳоро маҷбуран ба сулҳ водор карданд. Яъне, маҷбур кардан чорагар шуд.

— Дар асри XXI мешавад инсонҳоро маҷбур кард?

— Албатта! Саривақтист!  Имрӯз инсонҳоро мусиқии даҳшатноки шайтонӣ дар ҳама ҷо пайгир аст. Адабиёти графоманӣ ҳам пур шудааст.  Бинобар ин, вазифаи давлатҳост, ки инсонҳоро наҷот диҳанд.

— Ба кадом васила? Бо қувваи адабиёт ё бо зӯр?

— Ҳам маҷбурсозӣ аз ҷониби волидон, ҳам ба воситаи адабиёт, ҳам ба воситаи барномаи давлатӣ. Агар нашуд, ҳатто бо зӯрӣ. Барои ин бояд барномаи давлатӣ тарҳрезӣ шавад, аз тариқи телевизион мутахассисон баромад кунанд ва ба мардум фаҳмонанд, ки чиро хонанд, чиро не! Бояд гӯянд, ки ин китобро нахонед, музахраф аст, онашро хонед ва маҷбур кунанд. Ҳамин тавр, зидди кинои музахраф, мусиқии музахраф баромад кунанд. Ман ба онҳое, ки мегӯянд давлат ба корҳои адабиёт дахолат накунад, зид ҳастам. Давлат бояд мардумро аз хатари нестшавӣ, фаношавии рӯҳӣ наҷот диҳад. Нагузорад, ки шаҳрвандон ҷониби рама раванд. Бигзор оне, ки мусиқии даҳшатноки ҳайвониро таблиғ мекунаду месозад, селаи детективу порнографияро ба адабиёт кашидааст ва мағзи инсонҳоро хароб мекунад, пушти панҷара шинад.  Касоне, ки «Боз табъиз? Боз фишор?» гуфта даъво мекунанд, ҳақ нестанд. Кош, давлат ба хотире, ки инсонҳо инсон бошанд, ба онҳо фишор оварад!

Мо дар асри XXI қарор дорем. Ва боз ҳам мехоҳем, ки аз роҳи диктатура ба дунёи маънавии инсонҳо таъсир расонем. Ин магар зӯроварӣ ба инсон нест, ки табиаташ демократист?

— Инсоният сохтҳои гуногуни давлатдориро аз сар гузаронид. Ман ҳамаи онро омӯхтам. Капитализм, демократия хубанд, аммо на барои мо. Барои давлатҳои аврупоӣ шояд хуб бошанд, аммо барои русҳову тоҷикон не!

— Чаро тоҷикону русҳо? Магар дар миёни онҳо монандие ҳаст?

— Хеле! Шумо тасаввур кунед, чаро тоҷикон ба Россия мераванд? Ба Эрон, Туркия, Амрико не?  Чунки тоҷикону русҳо аз як нажоди ҳиндуаврупоианд ва ҳар ду монанданд: коргар, пуртоқат… Кӣ сахттарин, бадтарин, чиркинтарин корро иҷро мекунад?  Боз ҳам тоҷику рус!

— Тимур Қосимович, Шумо ба суоли аввал ҷавоб надодед: дар синну соли Шумо инсон дар бораи чӣ фикр мекунад?

— Дар синну соли ман? Падарони муқаддас мегӯянд, ки пирӣ барои инсон туҳфаи бузург аст. Пирӣ на барои машғул шудан ба корҳои беҳуда, на барои хешу табор вақт сарф кардан, балки барои мулоқот бо Худо ато шудааст. Инсон дар пирӣ бояд дар гуфтугӯ бо Худо бошад, тамом! Аммо ман ба ин фикр комилан мувофиқ нестам. Ман дар ин синну сол дар бораи чӣ фикр мекунам?  Масалҳои охирини ман дар мавзӯи асрори пайдоиши ё офариниши инсон дар рӯйи замин эҷод шудаанд. Дуруст аст, ки мо ба кушодани ин сир ҳеҷ гоҳ мушарраф нахоҳем шуд, аммо ба он наздик шудан имкон дорад. Ман ҳам чун ҳамаи нависандагони дунё мехоҳам ин асрорро кушоям. Барои чӣ Худованд моро офарид? Аз офаридани мо дар ҳайрат нашуд магар? Барои мо охири роҳро омода кардааст? Охират наздик аст? Ин ҳама чун фалсафаи пайдоиши инсон аҷиб аст. Худованд танҳо Одаму Ҳавворо офарид ва дигар ҳамаи мо дар натиҷаи гуноҳ таваллуд шудаем. 

— Шумо аз марг метарсед?

— Албатта, чун ман ҳанӯз зиндаам, инстинкти ҳаёт ҳанӯз дар ман ҳаст. Аммо  бештар аз марг не, аз марги тадриҷӣ метарсам…

— Марг аз нигоҳи Шумо?

— Марг? Бозгашт ба биҳишт!  Худованд моро аз биҳишт ронду мо боз меравем ҷониби биҳишт! Ман дар як масалам навишта будам, ки дӯзах вуҷуд надорад, инсоният дар охир ба биҳишт меравад, хоҳ гунаҳкор аст, хоҳ бегуноҳ. Дӯзах ҳамин дунёст.

— Нависандагони бузурги дунё барои эҷод кардан хилват меҷустанд, тарки манзили аслиашон мекарданд ва дар кишваре дигар кунҷи танҳоӣ ихтиёр мекарданд. Чанд соли охир аст, ки Шумо тарки Москва кардед ва дар Тоҷикистонед. Шумо ҳам Тоҷикистонро ба ҳамин хотир интихоб намудед?

— Дуруст, ман қариб ду соли охир доимӣ дар Тоҷикистон ҳастам. Чун   фаҳмидам, ки болаззаттарин хӯрок дар дунё нони дар оби чашма таркарда будааст. Москвае, ки ман 56 сол зистам, аллакай барои зиндагӣ вазнин шуд. Аҳолӣ зиёд, роҳҳо банд, ғалоғула, миллионҳо омадагон, москвагиҳои асил 3 фоиз мондаанду халос; шаҳри таърихӣ вайрон шуд, камбағалӣ ба ҳолати маъмулӣ табдил ёфт. Ман ҳам дар пирӣ гирифтори камбағалӣ шудам, чизе надорам, ҷуз хонаи дуҳуҷрагиам дар Москва. Аммо дар ин ҷо Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ман хонаи нағз дод, ҳарчанд маро дар он ба қайд намегузоранд. Дигар ин ки синну солам ба обу ҳавои тоза ниёз дорад. Ман дар орзуи як хонача дар лаби дарё ҳастам. Барои ҳамин аз Президентамон Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯро чун сиёсатмадори қавиирода шинохтаам, як тақозо дорам: ба ман дар лаби дарё як хоначае ҳадя кунед.

Медонед, ман бо нависандагони бузурги дунё шинухез доштам, мисол Маркес, ки дар канори уқёнус виллаҳо дошту бо президентҳо шинухез. Чунин ҳам бояд бошад-инсонҳои бузург ҳамеша бо бузургон шинухез намоянд.  Роҳбарон, президентҳо ҳам бояд худро аз шуарову нависандагон ва орифон дур нагиранд. Агар соли 1917 Николайи II Толстойро барои мулоқот қабул мекард, инқилоби соли 1917 намебуд.

Тоҷикистон зодгоҳи ман аст, ин ҷо мардум маро дӯст медоранд. Ин ҷо хонанда дорам, гарчанде хонандагони русам садҳо маротиба зиёд ҳастанд. Ҳарчанд ман ба забони русӣ менависам, нисфи эҷодиёти ман ба Тоҷикистон бахшида шудааст. Тоҷикон дар осори ман рӯҳи адабиёти ба забони дигар муҳоҷиршудаи худро   эҳсос мекунанд. Агар ман солҳои 70-уми асри ХХ ба забони тоҷикӣ менавиштам, маро кайҳо коммунистон мепарронданд, зеро адабиёти сирф динӣ менавиштам ва аз тарс навиштаҳоямро дар хонаи кампири армании ҳамсоя пинҳон медоштам.

— Ҳар як нависанда қуллаи эҷодӣ дорад, Толстой «Ҷанг ва сулҳ», Ҳемингуэй «Мӯйсафед ва баҳр», Маркес «Сад соли танҳоӣ», Айнӣ «Ёддоштҳо». Қуллаи эҷодиёти Шумо кадом аст?

— Вақте ба 7 ҷилди мунтахаби осорам нигоҳ мекунам, якеро аз дигаре ҷудо карда наметавонам. Инҳо «Марги амир Темур», «Умари Хайём», «Мулоқоти Иван Грозний», «Кӯдакии Исои Масеҳ», «Як рӯзи зиндагии ҳазрати Муҳаммад», романи «Афъимори марҷонӣ» ва садҳо масалҳои хурд доир ба Хоҷа Насриддинанд. Як замон маро Азиз Несин — нависандаи маъруфи турк пурсид, ки ту ин масалҳоро аз куҷо гирифтӣ? Ман гуфтам: — Аз сарам. Гуфт: — Бовар намекунам.  Гуфтамаш, ки фолклорро мардум месозад, ман низ сохтам. Барои ҳамин миёни асарҳоям наметавонам тафриқа гузорам.

— Агар Шумо ба реинкарнатсия бовар доред, дар зиндагии оянда кӣ будан мехостед? Аслан хоҳиши дигарбора ба замин омаданро доред?

— Дар зиндагии оянда мехостам, ки дар соҳили уқёнус таваллуд шавам ва боғбон бошам. Ва ё шоири дарборӣ бошаму дар дарбори император ё шоҳи бузург хизмат, ӯро ситоиш ва тақдири мамлакаташро пешгӯйӣ кунам.

— Забони асарҳои Шумо русист, аммо рӯҳашон чӣ?

— Ду рӯҳия — насоро, ки ба русҳо рабт мегирад ва мусулмонӣ, ки ба тоҷикон иртибот дорад. Дар эҷодиёти ман пайғамбарон-исову Муҳаммад (с) рӯ ба рӯйи ҳам меоянд.

— Пас, Тимур Зулфиқоров василаи мулоқоти ин ду пайғамбар аст?

— Худам нею эҷодиётам…

— Навиштаҳои Шумо, аз нигоҳи худатон, то кай зинда хоҳанд монд?

— То будани одамият ва забони русӣ!

соли 2016

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.