«Parimatch» — шарики стратегии дастаи футболи «Локомотив Помир»

Имрӯз, 10 июл дар бинои «Душанбе Плаза» — и шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ баргузор гардид, ки дар он созишномаи ҳамкории дарозмуддати дастаи футболи «Локомотив Помир» ва ширкати байналмилалии букмекерии «Parimatch» ба имзо расид.

Бо шарофати ин созишнома «Parimatch» шарики асосии «Локомотив Помир» мегардад ва шарики стратегӣ барои рушди минбаъдаи ин даста хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки логотипи шарик дар қисми пеши либоси бозингарон ҷойгир карда мешавад ва бренди он дар тамоми фаъолияти маркетингии даста дарҷ хоҳад гашт.

Дар оғози нишаст Анвар Мирзоев, президенти дастаи футболи “Локомотив Помир” чунин ибрози назар кард: «Мо хушнудем, ки чунин бренди қавӣ тасмим гирифтааст бо мо ҳамкориро ба роҳ монад ва шарики асосии мо бошад. Мо дар ин мавсим мақсадҳои ҷиддӣ дорем ва бо ҳамкории муштарак ҳамаи онҳоро амалӣ хоҳем кард».

“Футбол дар Тоҷикистон бо суръати баланд рушд ёфта истодааст. Ширкати мо яке аз бузургтарин сарпарастони варзиш аст ва бо ин ҳамкорӣ мехоҳем бори дигар тадбиқи рушди варзишро нишон диҳем ва ба дастаҳои ҷавон барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд кӯмак расонем», — зикр кард директори генералии Parimatch Тоҷикистон Абдусаттор Ҳасанов.

Бояд гуфт, ки Parimatch яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки дар тӯли солҳои рушди мунтазам, ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст. Ширкати мазкур яке аз сармоягузорони фаъол дар бозори маркетинги варзишӣ ба ҳисоб меравад, ки бо федератсияҳо ва дастаҳои пешрафтаи аз ҳама машҳури MMA, аз ҷумла UFC ҳамкорӣ мекунад.

Таблиғкунандагони ин ширкати бонуфуз, варзишгарони машҳур ба монанди, боксёр Майк Тайсон, варзишгари маъруфи UFC Конор Макгрегор, Петр Ян, Арман Тсарукян ва хоҳарон Шевченко мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *