Тайланд, марги 22-нафар дар садама
Дар Тайланд крани сохтмонӣ ба болои қатори мусофиркаш афтод, ки бар асари ин ҳодиса дастикам 22 нафар ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, қатори мусофиркаш дар Тайланд пас аз он ки крани сохтмонӣ ба болои он фурӯ рехт, аз релс хориҷ шуд.
Намояндаи пулиси маҳаллӣ ба хабаргузории “AFP” гуфтааст, ки дар натиҷаи ин фоҷиа дастикам 22 нафар ҷон бохта, зиёда аз 30 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ба иттилои пулиси Тайланд, “кране, ки барои сохтмони хатти роҳи оҳани баландсуръат истифода мешуд, ба болои қатора афтода, сабаби сӯхтор гардидааст. Оташ баъд аз муддати кӯтоҳ хомӯш карда шуд”.
Ин ҳодиса дар ноҳияи Сихиои вилояти Накхонратчасима рух додааст. Қатори осебдида ба самти вилояти Убонратчатханӣ ҳаракат мекард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ