Танбашавии автомобилҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ чӣ сабаб дорад?
Тибқи таҳлили мутахассисон, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳрҳо ба афзоиши шумораи нақлиёти шахсӣ, миқдори зиёди автомобилҳои ба шаҳр воридшаванда, чароғакҳои роҳнамову гузаргоҳҳои пиёдагард, шумораи таваққуфгоҳҳо, аз ҷумла, таваққуфгоҳҳои пулакӣ, теъдоди таксӣ ва ҳолати истгоҳҳои нақлиётӣ вобаста аст. Дар шоҳроҳҳо бошад, мушкилоти зикршуда истисно буда, танбашавии автомобилҳо хеле кам бояд ба амал ояд. Ба шарте, ки ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.
Масъулини ширкати IRS, ки тибқи шартномаи конссесионӣ бо Ҳукумати мамлакат нигоҳдориву хизматрасонии роҳи Душанбе – Чаноқ ба зиммааш вогузор аст, борҳо таъкид намудаанд, ки маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳои кормандони филиали Ширкат дар бобати бе омодагии ҷиддӣ сафар накардан, худдорӣ намудан аз сафар бо воситаҳои нақлиёте, ки тири пешбар надоранд, ба ҷой наовардани эҳтироми ҳамдигар, аз ҷумла ба муқобили самти ҳаракат баромадан боиси ба вуҷуд омадани танбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад.

Маҳз бетафовутиву худхоҳии як идда ронандагон рӯзҳои охир, замоне, ки боридани барф пуршиддат ва тамафароӣ зиёд буд, боиси ба вуҷуд омадани танбашавӣ дар масири мазкур гардид. Бояд гуфт, ки бинобар дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе – Чаноқ коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, кормандони IRS шабона фаъолият карда, дар ин замина оқибатҳои тармафароӣ фавран бартараф ва роҳ бо маводи зиддилағзиш коркард мешавад. Боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки аксар ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро умуман риоя накарда, аз ҷумла ба муқобили самти ҳаракат баромаданд. Дар натиҷа, ҳам худашон дар бунбаст монданд ва ҳам ба гузариши дигарон монеа эҷод карданд. Ба ибораи дигар, ягона сабаби дар рӯзҳои сербориш маҳдуд гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ фарҳанги нисбатан пасти баъзе ронандагон мебошад.
Табиист, ки дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ, онҳое, ки сабабу омилҳои ба вуҷуд омадани танбашавии воситаҳои нақлиётро намедонанд, IRS-ро гунаҳкор медонанд. Чунин ҳолат бештар дар километрҳои 63-84-уми роҳи мазкур (пеш ва баъд аз нақби Истиқлол, ҳудуди ноҳияҳои Варзобу Айнӣ) ба мушоҳида расид. Ҳамчунин, бинобар танбашавӣ сари вақт сафарбар намудани техникаҳои махсусгардонишудаи IRS ба макони тармафароӣ ва қитъаҳое, ки боридани барф пуршиддат аст, ғайриимкон гардид. Сабаби дигари ба вуҷуд омадану тӯл кашидани танбашавӣ автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо мебошанд, ки ронандагони бемасъулияту бетафовут дар роҳ гузошта, ғайб задаанд. Боиси нигаронии ҷиддӣ он аст, ки қисми зиёди автомобилҳои мавриди назар дар байни роҳ қарор дошта, аз ҳолаташон бармеояд, ки ронандагон бе омодагии марбут ба мавсими сармо ба роҳ баромадаанд.

Давоми се рӯзе, ки боридани барф дар ин масир пуршиддат буд, кӯшиши кормандони филиали Ширкат дар якҷоягӣ бо масъулини БДА барои дарёфти соҳибони ин автомобилҳо бенатиҷа анҷом ёфт. Табиист, ки дар ин муддат автомобилҳои зикршуда ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод карда, ҳатто ҳолатҳои садамавиро ба вуҷуд оварданд. Биноан, кормандони IRS бори дигар аз ронандагон хоҳиш менамоянд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ эҳтироми ҳамдигарро дар роҳ ба ҷо оранд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.
Аз маълумоти воситаҳои ахбори омма, сомонаи филиали ширкат ва саҳифаи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон хулоса кард, ки ҳолати он хеле беҳтар аст. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе – Чаноқ нигоҳубини 24-соатаро талаб менамояд. Дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони IRS ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолият аст. Бе муболиға метавон гуфт, ки тӯли фаъолият роҳбарият ва кормандони IRS, ки дар асоси шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ ба зиммаашон вогузор гардидааст, рисолати хешро бо масъулияти баланд иҷро карда, дар ин раванд ба маънои том кордониву масъулиятшиносӣ зоҳир карда истодаанд.
Мунтазам будани бориши барф ва тармафароии бениҳоят зиёди охири соли 2025 ва оғози соли равон дар роҳи Душанбе – Чаноқ бори дигар кордониву ҷасорат ва масъулиятшиносии роҳбарияту кормандони IRS-ро ба маъраз гузошт. Дар мавсими имсола ҳарчанд дар водиҳо барф нисбатан камтар аст, вале дар минтақаҳое, ки роҳи зикршуда аз онҳо мегузарад, боридани барф тӯлонӣ ва тармафароӣ зиёд буд. Ҷоиз ба зикр аст, ки давоми рӯзҳои охир кормандони IRS зиёда аз 41 тармаи хурду калонро бетаъхир бартараф карданд. Ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки дар мавсими сармо кормандони IRS шабонарӯзӣ роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард, ҳазорҳо тармаро бетаъхир бартараф месозанд, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол медиҳанд, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим мекунанд. Муҳим он аст, ки IRS соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳои он ба 242 адад расидааст. Дар оянда зиёд намудани он мадди назар аст, зеро бе техникаву механизмҳои муосир, тибқи талабот, роҳандозӣ намудани фаъолият ғайриимкон аст.
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки кормандони ғаюри IRS аз бисёр имтиҳону озмоишҳо бо сари баланд гузашта, вазифаи худро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро карда истодаанд. Ҳоло дар филиали Ширкат 872 нафар фаъолият дошта, давоми 16 соли фаъолият 11 корманди ширкати мазкур зимни иҷрои вазифа, асосан бартарафсозии тармаҳо ҳалок шуданд.
Дар маҷмуъ, рӯз то рӯз болотар рафтани манзалати филиали Ширкат дар ҷомеа ва тамоюли афзоишро касб намудани маҳбубияти он миёни мардум, пеш аз ҳама, натиҷаи ҳамин ҷонфидоиҳост.
Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ