Таркиши мина дар Афғонистон боиси марги 2 нафар шуд

Инфиҷори мина дар вилояти Кунари Афғонистон боис ба марги ду шаҳрванди осоишта ва захми шудани беш аз ҳашт нафар гардидааст.  Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ ин ҳодиса рӯзи 6- уми январ дар ноҳияи Нугал пас аз таркиши боқимондаи кулоҳаки мина ба амал омадааст, ки дар натиҷа 1 кӯдак ба ҳалокат расидааст. Инчунин шабеҳи чунин таркиш дар деҳаи дигари ноҳияи номбурда ба амал омадааст, ки боиси марги як зан гаштааст.

Мақомоти “Толибон” дар баёнияе навиштааст, ки дар ноҳияи Исмор ҳам таркиши боқимондаи кулоҳаки мина ба вуқӯъ пайвастааст, ки боиси захми шудани чанд нафар аз шаҳрвандони осоишта гаштааст. 

Сандуқи кӯдакони СММ соли гузашта эълон кард, ки дар Афғонистон моҳона дасти кам 55 кас дар натиҷаи таркиши маводи мунфаҷира ҷони худро аз даст медиҳанд. Ин созмон гуфтааст, ки 85 дарсади қурбониёни ин рӯйдод кӯдакон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *