Таваҷҷуҳ: имшаб нимфинали ҶҶ-2018!

6-7 июли соли равон даври чорякфиналии Чепионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол дар Русия баргузор гардид. Вақти асосӣ дар бозии дастаҳои яккачини  Русия – Хорватия ҳисоби  2:2 анҷом ёфт. Ғолибонро дар ин ҷуфт силсилазарбаҳои ёздаҳметра муайян кард. Футболбозони Хорватия 4 зарбаро ба ҳадаф расонда, ба дарвозаи худ 3 зарбаи русиягиҳоро гузаронда, дастболо гардиданд. Англия- Шветсияро бо ҳисоби  2:о шикаст дод.

Ҳамин тавр, дар марҳилаи чорякфиналӣ мунтахабҳои Франсия – Белгия ва Хорватия –Англия барои роҳхат ба даври ниҳоии ҶҶ-2018 мубориза мебаранд. Оғози бозиҳо соати 20.00-и имшаб — 10 июл муқаррар гардидааст. Ғолибони ин ду ҷуфт санаи 15 июл дар Варзишгоҳи «Лужники»-и шаҳри Москва барои Ҷоми ҷаҳони ФИФА ба майдон мебароянд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *