Террористи тоҷикро дар Русия ҳабси абад доданд

ФСБ яке аз роҳбарони гурӯҳи мамнуи “Давлати исломӣ”-ро, ки дар қаламрави вилоятҳои Маскав ва Новосибирск ҳамлаҳои террористиро тарҳрезӣ мекард, боздошт кард. Дар ин бора дафтари матбуоти ФСБ-и Русия хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нафар шаҳрванди Тоҷикистон буда, Назаров Т. М. ном доштааст. Муайян карда шудааст, ки Назаров Т. М. бо мақсади анҷом додани амалҳои харобкорӣ ва террористӣ як утоқи террористӣ таъсис дода, қасд доштааст дар ҳудуди вилоятҳои Маскав ва Новосибирск бо истифода аз маводи таркандаи худсохт иншооти роҳи оҳанро тарконад.

Дафтари матбуоти ин ниҳод таъкид кардааст, ки номбурда дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба утоқи «Давлати исломӣ» ҷалб карда, ҳамчунин истеҳсол, харид ва нигаҳдории ғайриқонунии маводи тарканда, силоҳи оташфишон ва муҳимотро ташкил кардааст.

«Дар натиҷаи ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ кормандони ФСБ-и Русия Назаров Т. М.-ро дар қаламрави Сурия муайян ва боздошт намуда, пас аз он ба Русия бурдаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ террористоне, ки дар ҳайати ин гурӯҳ буданд, боздошт шуда, фаъолияти гурӯҳи террористии зикршуда барҳам дода шуд. Дар амалиёти тафтишотии гузаронидашуда далелҳои мукаммал оид ба гуноҳи Т. М. Назаров ҷамъ оварда шуданд»,- афзуд ФСБ.

Ҳамчунин, Назаров Т. М. бо ҳукми Суди ҳарбии Русия дар содир кардани 21 ҷиноят тибқи Кодекси ҷиноятии Русия ба ҳабси абад ва 1,5 миллион рубл ҷарима маҳкум шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *