Тағйироти кадрӣ дар ВКД. Шинос шавед! Ном ба ном

17-уми апрел Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат бо кадрҳои ин ниҳоди давлатӣ Пешвои миллат асосан оид ба таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намуд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла инҳо ба вазифаҳои зерин таъин гардиданд:

— генерал-майори милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор;

— полковники милитсия Салимбойзода Довар Салимбой ба вазифаи сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— полковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло Абдулло ба вазифаи сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб;

— полковники милитсия Абдуқодирзода Ҷафар Комил ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода;

— полковники милитсия Алихон Рустам ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон;

— полковники милитсия Ҷалилзода Эмин Карим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон;

— полковники милитсия Зубайдзода Хайрулло Маҳмуд ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон;

— полковники милитсия Маҳмадризо Ҷамшед Маҳмадулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд;

— полковники милитсия Зубайрзода Ҷамшед Абдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд;

— полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;

— полковники милитсия Каримзода Абдураҳмон Ҳаким ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон;

— полковники милитсия Тағойзода Сафаралӣ Хол ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон;

— полковники милитсия Назарзода Ҷумахон Маҳмадрасул ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон;

— полковники милитсия Шарифзода Хушвахт Саид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон;

— полковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;

— полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ба вазифаи сардори Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;

— подполковники милитсия Абдулмаҷидзода Рустам Абдулмаҷид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон;

— подполковники милитсия Ибодзода Шодихон Ибод ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Лахши Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт;

— подполковники милитсия Амридинзода Ҷумахон Амридин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон;

— подполковники милитсия Одиназода Шоди Лоҳутшо ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд;

— подполковники милитсия Ҷумъазода Ҷонибек ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд;

— капитани милитсия Умарзод Муҳаммад Мирзоҳайдар ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд.

Дар хотима Пешвои миллат ба ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда дар роҳи таъмини адолат ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ барору комёбӣ орзу намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *