Муносибатҳои илмиву таълимии ДМТ бо Озарбойҷон такмил меёбанд

Дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. сурат гирифт.

Бино ба иттилои ДМТ, ректори донишгоҳ ташрифи меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳои илмиву таълимӣ муҳим арзёбӣ намуда, баён доштааст, ки донишгоҳ омода аст бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамкорӣ намуда,  табодул ва таҷрибаи хешро дар ин самт вусъат диҳад.

Сафир дар навбати худ роҷеъ ба муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, изҳор доштааст, ки рушди муносибатҳои илмию таълимӣ такмил дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *