Тоҷикистон дар рейтинги сайёҳӣ мавқеи устуворро соҳиб шуд

Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷаласа доир ба натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи ин ниҳод баргузор шуд. Дар ин бора ба Pressa.tj аз хадамоти матбуоти кумита хабар доданд.

Гуфта шуд, ки кишвар дар рейтингҳои байналмиллалӣ, ки рушди соҳаҳои сайёҳии давлатҳоро баҳо медиҳанд, ҷои сазоворро ишғол кардааст.

Таъкид гардид, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кумита ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муайян намудани ҳиссаи даромади сайёҳӣ дар соҳаи нақлиёт, хӯрокворӣ ва хизматрасонии меҳмонхонаҳо, баргузории конфронсҳо бо иштироки ширкатҳои сайёҳӣ ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Кумита рушди сайёҳии солимгардонӣ, экологӣ ва куҳнавардиро ба нақша гирифтааст. Ба тавсеаи зерсохтори дахлдор, баланд бардоштани нуфузи сайёҳии ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ диққати махсус дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *