Се зан ба тасарруфи 1,5 млн сомонии буҷет гумонбаранд

Се нафар зан ба тасарруфи беш аз 1,5 млн сомонии маблағҳои буҷетӣ бо маслиҳати ҳамдигар гумонбар дониста шудаанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, ки онҳо — Шукурова Фирӯза Пулатовна, муҳосиби музди меҳнат, сариқтисодчӣ Худогуева Гулбаҳор Халифаевна ва муҳосиби молӣ Мухамедрахимова Зебогул Мухамадиевна, ки ҳар се кормандони Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ будаанд, ба ин кор даст задаанд.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки “номбурдагон дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ведемостҳои тақсимоти музди меҳнат маълумотҳои таҳрифшударо ворид карда, дар маҷмуъ маблағи умумии 1540703 сомониро беасос ба корти электронии собиқ кормадони муассиса ҳамчун музди меҳнат интиқол дода, пас аз ба таври нақдӣ гирифтани маблағи зикршуда онро ба пуррагӣ тасарруф намудаанд”.

Нисбати ҳар се нафар бо моддаҳои 245, қисми 4, банди «б» ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва тафтишоти пешакии он идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *