Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Ҳамарӯза дар Афғонистон 167 кӯдак мемирад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тибқи як пажуҳиши худ изҳор дошт, ки ҳар рӯз дар Афғонистон 167 навзод мемирад, нисфи аҳолии Афғонистон бо гуруснагӣ мувоҷеҳ буда, таъсири ноамнии шадиди ғизо дар ин кишвар харобиовар арзёбӣ мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир нисфи аҳолии Афғонистон бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ буда, 28 миллион нафар ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Бар асоси ин эъломия, таъсири ноамнии шадиди ғизоӣ дар Афғонистон харобиовар аст ва 20 миллион нафар дар ин кишвар зери хатари камғизоӣ ва бемориҳои сироятӣ қарор доранд.

Ҳамчунин, ин созмон таъкид кардааст, ки ҳудуди шаш миллион нафар дар Афғонистон бо сатҳи нигаронкунандаи амнияти ғизоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *