Тифли навзод дар ҷӯйбор

30 август, тақрибан соати 1420 аз ҷӯйбори назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷасади навзодеро пайдо намуданд, ки дар як латтаи сиёҳ баста, ба об партофта шудааст.

Маълум нест, ки ин тифл мурда буд ва ё кадом модари бераҳме барои халос шудан ӯро зинда ба об партофтааст. Нафаре  ба сомонаи «Ахбор” хабар медиҳад, ки : «Кӯдакони маҳалла дар ин ҷӯйбор ҳамеша оббозӣ мекунанд ва имрӯз вақти оббозиашон мебинанд, ки дар як латтаи сиёҳ тифли навзоде дар рӯи об тоб хӯрда истодааст. Онҳо ба мо ки дар онҷо қарор доштем, муроҷиат намуданд, ки дар даруни обкасе кӯдакашро патофтааст. Зуд ба кормандони милитсия хабар додему онҳо омаданд ва кӯдакро аз об берун карданд.”

Ба гуфтаи сокинон, кормандони милиса издиҳомро аз атрофи ҷӯйбор дур карданд ва сипас латтаи сиёҳро бо ҷасади кӯдак бо худ гирифта бурданд. Як манбаъ аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ пайдо гардидани тифли навзод аз ҷӯйбори назди Донишгоҳи технологиро тасдиқ намуда гуфтааст,ки  таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст, вале то ҳол маълум нест, ки ин амали зиштро кӣ анҷом додааст…

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *