Тиллои чинӣ — Чжан Син онро дар  Тоҷикистон меҷӯяд

Дар даҳгонаи кишварҳои тавлидкунандаи тилло ахиран Чин мақоми аввалро соҳиб гардид ва дар зинаҳои баъдӣ Австралия, Русия, ИМА, Канада, Перу, Африқои ҷанубӣ, Мексика, Индонезия ва Ӯзбекистон  қарор гирифтанд.

Ҷойгоҳи аввалро Чин бори даҳум аст, ки ба худ ихтисос медодааст, аммо чаҳор соли охир бузургтарин масрафкунандаи тилло низ маҳсуб мешавад. Шӯрои ҷаҳонии тилло иттилоъ медиҳад, ки соли гузашта тавлиди нохолиси дохилӣ дар Чин ҳудуди 450-455 тонна буд.

Австралия ба унвони дувумин тавлидкунандаи бузурги тилло дар ҷаҳон буда, солона 270 тонна тилло тавлид мекунад. Соли 2015 бошад, 278 тонна истеҳсол кардааст, ки нисбат ба соли 2016-2017-ум 8 тонна зиёд мебошад.

Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон буда, дорои манобеи табиии зиёд аст. Ин кишвар дар солҳои 2014 то 2016 тавлиди тиллоро ба 250 тонна расонид ва тамоми саъй ба ин аст, ки то соли 2030 тавлиди солонаи худро ба 400 тонна афзоиш диҳад.

Тавлиди тилло дар ИМА соли гузашта  ба 209 тонна расидааст, ҳол он ки солҳои 2015-2016 то 214 тонна коркард мешудааст. Вале дар маҷмӯъ беш аз 8000 тонна захоири тилло дорад.

Шояд бовар накарданӣ бошад, ки Канада панҷумин кишвари тавлидкунандаи тилло дар ҷаҳон аст. Чунки маъдани кам дорад, вале яке аз бузургтарин кишварҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад. Тавлиди тилло дар Канада 153 тонна буда, ин кишвар дар талоши афзоиши тилло дар солҳои оянда аст.

Перу дар Амрикои лотинӣ қарор дошта, бузургтарин тавлидкунандаи тилло дар минтақа аст ва дувумин кишвар дар саросари Амрико баъд аз  ИМА мебошад. Истихроҷи тиллои ин кишвар дар соли 2014 коҳиш ёфта, ба 140 тонна расид. Дар соли 2016 боз афзоиш ёфта, ба 150 тонна дар як сол расонида шуд.

Истихроҷи тилло дар Африқои ҷанубӣ як ҷомеаи кишоварзиро ба ҷомеаи тавлидкунандаи тилло табдил дод. Вале тавлидоти ин кишвар дар даҳ соли охир кам мешавад  ва соли 2016 ба 140 тонна расид. Ин дар ҳолест, ки соли 2015 тавлиди он 145 тонна буд. Дарвоқеъ Африқои ҷанубӣ то соли 2006 бузургтарин тавлидкунандаи тиллои ҷаҳон буд. Оҷонсии Блумберг  сабаби коҳиши захоири тилло дар Африқои ҷанубиро боло рафтани қимати неруи корӣ  медонад.

Дар асоси  таҳқиқотҳо тавлиди тилло дар Мексика нисбатан пойдор будааст. Агарчи тавлиди тиллои ин кишвар то соли 2015-ум 135 тонна буд ва солҳои 2016 ба 125 тонна нузул кард. Вале иктишоф ва пешрафти саноати маъдани кӯҳӣ ин кишварро ҳамчунон дар садри ҷадвали тавлидкунандагон нигоҳ доштааст. Ин кишвар аз лиҳози таърихӣ дар истихроҷи нуқра низ машҳур аст.

Сатҳи тавлиди тилло дар Индонезия аз соли 2015 беш  аз 3 тонна афзуда, аз 97 тонна ба 100 тонна расид.

 Ӯзбекистон дар даҳгонаи кишвари тавлидкунандаи тилло дар ҷаҳон  соли 2017 зинаи даҳумро касб кард. Вале пайдо кардани омори коркард дар соли 2017 бароямон муяссар нагардид. Тибқи иттилои википедия  танҳо соли 2012 ин кишвар 90 тонна тилло истихроҷ кардааст ва коршиносон мегӯянд, ин миқдор солҳои баъдӣ низ ҳифз шуда, ҳамасола ҳудуди 90 тонна тилло истихроҷ менамояд.

Вале дар даҳгонаи кишварҳое, ки аз ҳама бештар захираи тилло дорад, Амрико дар мақоми аввал меистад. То охири моҳи марти соли  равон Амрико 8 ҳазору 133, 5 тонна тилло дошта, ин миқдор 75 дарсади захираи асъориашро ташкил менамояд.

Олмон бо 3 ҳазору 373, 6 тонна тилло зинаи дуюмро касб карда, 70,2% аз ҳаҷми захираи асъориашро ташкил менамояд.

Италия бо 2 ҳазору 451, 8 тонна дар зинаи сеюм қарор гирифта, дар Аврупо аз ҳисоби захираҳои миллиаш ҷойи дуюмро ишғол мекунад ва аз ин захира 67,5% захараи умумии асъориашро ташкил менамояд.

Фаронса бо 2436 тонна тилло дар зинаи 4-ум дар ҷаҳон мебошад ва  ин миқдор тилло 64,9%-и захираи асъории Фаронсаро ташкил медиҳад.

Русия бо захираи 1880, 5 тонна тилло зинаи 5-уми ин рейтингро касб кардааст ва дар миёни кишварҳои ИДМ пешсаф буда, захираи тиллои он 17,7%-и захираи асъориашро ташкил медиҳад

Чин бо захираи 1 ҳазору 842,6 тонна зинаи 6-уми рейтингро ба худ ихтисос додааст ва дар миёни Осиёи шарқӣ пешсаф аст. Ин миқдор тиллои Чин 2,4%-и захираи асъориашро ташкил медиҳад.

Швейтсария бо 1 ҳазору 40 тонна тилло  дар рейтинги ҷаҳони захираи тилло зинаи 7-умро ишғол мекунад, вале аз ҳисоби тақсимоти тилло ба сари аҳолӣ дар ҷаҳон дар зинаи аввал местад ва ба ҳар нафар дар ин кишвар 136, 5 грамм рост меояд.

Ҷопон дар рейтинги ҷаҳони захираи тилло зинаи 8-умро ишғол мекунад ва 765,22 тонна тилло доштааст.

Нидерландия бо 612, 5 тонна тилло дар ин рейтинг зинаи 9-ум ва Туркия бо доштани 591 тонна зинаи даҳумро касб кардаанд.

Шӯрои ҷаҳонии тилло танҳо дар бораи захираҳои тиллои се кишвари Осиёи Миёна ҳамасола маълумот паҳн менамояд. Ба иттилои ин шӯро,  айни ҳол Қазоқистон 303 тонна, Тоҷикистон 15, 6 тонна ва Қирғизистон 7,2 тонна тилло доштаанд. Дар мавриди захоири умумии Туркманистон ва Ӯзбекистон Шӯрои ҷаҳонии тилло иттилоъ надодааст.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли равон иттилоъ дода буд, ки барои зиёд кардани захоири тиллоии хеш соли 2017-ум  3 тонна тилло харидааст. Ин миқдор тилло аз корхонаҳои ватание, ки бо истихроҷи ин сарвати нодир машғуланд, харидорӣ шуда, дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигаҳдорӣ мешудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба ин бонк ваколат додааст, ки “захираҳои асъории байналмилалии худро бо дарназардошти ҳифз, таъмини пардохтпазирӣ ва даромаднокии онҳо бо тартиби зикршудаи афзалиятнокӣ идора кунад”.

Ба маълумоти Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон дар кишвар як қатор корхонаҳои коркарди маъдан фаъолият мекунанд, ки «Зарафшон», «Апрелевка», ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Анзоб» аз қабили онҳост.

Абдулмаҷид Муминзод, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран гуфт, ки  таваҷҷуҳ ба соҳаи қаъри замин бештар шудааст:

“Чунки Тоҷикистон дорои бениҳоят зиёди канданиҳои фоиданок буда, қариб ҳама элементҳои ҷадвали Менделев дар кишвар вуҷуд дорад. Тибқи маълумотҳои геологӣ қариб 600 зуҳурот ё конҳои канданиҳои фоиданок мавҷуд буда, захоири он ба дороиҳои давлат гузаронида шудааст”.

Тибқи иттилои Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои «Лангар», Анзоб», «Газпром «Заринк», «Эдго-Энерҷи СА», «Бохтар, Оперейтинг Компании», «Сементи Тоҷик», «Хуаксин Ғаюр (Суғд) Семент», «Ғаюр», «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», «Фаридун 2016», «Фароз», барои омӯзиши геологии канданиҳои фоиданок соҳиби иҷозатанд.

Ахиран Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз омӯзиши ҳисоботи ҷониби Чин дар бораи натоиҷи тадқиқоти геологӣ-иктишофӣ дар кони “Кумарги Боло”, ки дар чанд марҳила гузаронида шуд, ба ширкати  чинии “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”  иҷозатнома дод.

Боиси ёдоварист, ки Ширкати ТВЕА-и Чин бо харҷи 349 миллион доллар дар соли 2016 сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»-ро ба анҷом расонд. Тоҷикистон бар ивази сохтмони ин неругоҳ ба ин ширкати чинӣ ду кони тилло — Дуобаи шарқӣ ва Кумарғи болоро дода буд. Аммо Чжан Син, роҳбари ТВЕА ба торнамои stcn.com дар Чин гуфтааст, агар ширкат аз ин ду кони тилло хароҷоташро бароварда насозад, Ҳукумати Тоҷикистон ризоият додааст, ки ба ин ширкат иҷозатномаи конҳои дигарро ҳам бидиҳад.

Сафарбек Кабиров,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *