Тоҷикистон барои безарар кардани аккумулятори электромобилҳо чӣ чора меандешад?

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии тадқиқотҳои Сиан (XISU)-и Чин як институти таҳқиқотии муштарак барои омӯзиши электромобилҳо ва барқарору безарар кардани аккумулятори ин навъи автомобилҳо бунёд хоҳад кард.

Дар ин бора Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода имрӯз, 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Қобилҷон Хушвахтзода гуфт, ки АМИТ бо Донишгоҳи байналмилалии тадқиқотҳои Сиан (XISU)-и Чин ҳамкорӣ дорад ва масъалаи омӯзиши нақлиёти барқӣ дар меҳвари гуфтугӯйи онҳо қарор дорад.

“Нақлиёти барқӣ барои экология бисёр муҳим ҳастанд, вале масъалаи муҳиме, ки пешорӯйи мо ҳаст, барқарор ва безарар кардани батареяҳои он аст. Бинобар ин, мо як институт таъсис хоҳем дод ва ин масъаларо баррасӣ хоҳем кард”,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.

Директори институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Афзалшоҳ Зарифзода гуфт, ки масъалаи барқарор ва безарар кардани батареяҳо дар Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ зикр шудааст.

“Чанд рӯз қабл дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ин хусус ҷаласа баргузор шуд. Коркарди дубора, барқарор ва безарар кардани батареяҳои электромобилҳо масъалаи муҳим аст, ки соҳибкорон низ ба он таваҷҷуҳ доранд. Бинобар ин, тасмим гирифта шудааст, ки дар оняда дар шимоли Душанбе дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони чинӣ корхонае бунёд шавад, ки коркарди дубора, барқарор ва безарар кардани батареяҳои электромобилҳоро ба дӯш бигирад”, – гуфт номбурда.

Афзалшоҳ Зарифзода гуфт, ки дар батареяҳои электромобилҳо моддаҳои зарароваре ҳастанд, ки коркарду барқарор кардани онҳо шароити хос ва мутахассисонро талаб мекунад.

Академик Маҳмадшоҳ Илолов дар иртибот ба ин масъала гуфт, ки то таъсиси корхона батареяҳои электромобилҳо тибқи муқаррарот ба Хитой баргардонида мешаванд.

“Тибқи муқаррароте, ки дар натиҷаи гуфтушунид миёни Тоҷикистону Чин ба тавсиб расидааст, то таъсиси корхонаи махсус батареяҳои мошинҳои барқӣ баъди корношоям шудан ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, яъне ба кишвари истеҳсолкунанда баргардонида мешавад”,- гуфт номбурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *