Тоҷикистон: Пайдо шудани ду ҷасад аз обанборҳо дар як рӯз

Тайи як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ду мавриди ғарқ шудани афрод дар обанборҳо сабт шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, аз ҷумла, як навраси 18-сола аз рустои Лолазори ноҳияи Данғара ҳангоми оббозӣ дар канали ноҳияи Вахш ғарқ шудааст. Ҷасади ӯ кашф ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шудааст.

Наҷотдиҳандагон рӯзи 23-юми июн ҳамчунин ҷасади навраси 12-соларо, ки рӯзи 21-уми июн дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда буд, берун овардаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ сокини деҳаи Боғчаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакент аст.

Тибқи иттилои КҲФ, аз аввали сол дар Тоҷикистон 67 нафар бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарии об ғарқ шудаанд, ки 40 нафари онҳо кӯдакони аз 4 то 17-сола мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи ҷасади 7 нафари дигар ғарқшудагон идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.