Тағйироти кадрӣ дар ДМТ. Қурбонализода кист?

Бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ва  дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳаққиқи масоили ҳуқуқи кӯдак Қурбонализода Нурулло Шамсулло декани факултети ҳуқуқшиносӣ таъин гардид.

Гуфта мешавад, ки Нурулло Қурбонализода то таъйин шудан ба вазифаи декан дар дастгоҳи Маҷлиси миллӣ фаъолият доштааст.

Ӯ 17-уми марти соли 1988 ба дунё омада, соли 2005 литсей-интернати президентӣ барои бачаҳои болаёқати шаҳри Душанбе ва соли 2010 риштаи  ҳуқуқшиносии  ДМТ-ро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Нурулло Қурбонализода солҳои 2010-2011 ҳамчун лаборанти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, солҳои 2011-2015 ассистенти ҳамин кафедра, солҳои 2015-2017 муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ, солҳои 2017-2018 дар мақоми сардори раёсати илм ва навоварии техникии ДМТ фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то соли 2020 ба ҳайси сармутахассиси раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз соли 2020 то соли 2022 мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буд.

Масъалаҳои вазъи ҳуқуқии субъектони ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи кӯдак, иттилоот ва моликияти зеҳнӣ аз мавзўъҳои таҳқиқоти илмии ў мебошанд. Ӯ соли 2014 дар Шўрои муттаҳидаи диссертатсионии ДМ 737.004.08 оид ба ихтисосҳои 12.00.01 (назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат); 12.00.03 (ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ) назди донишгоҳ, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои иттилоотии граждании кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи илмиашро дифоъ кардааст.

Соли 2017 дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ таъин гардид. Қурбонализода муаллифи беш аз 50 кори илмию таҳқиқотӣ ва таълимию методӣ мебошад.

Факултети  ҳуқуқшиносии ДМТ, ки имрӯз садри онро Нурулло Қурбонализода бар зимма гирифт,  яке аз пурнуфузтарин риштаҳои таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Аксари роҳбарони сатҳи аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ низ дастпарварони ҳамин факултети донишгоҳ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *