Тағйироти кадрӣ. Ректори нави ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кист?

Имрӯз, 10-уми июн бо қарори раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Абдусалом Миралиёнро иваз кард.

Раҳмон Дилшод Сафарбек то ин мақом декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор мебошад.

Раҳмон Дилшод Сафарбек 7-уми декабри соли 1985 дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро соли 1991 аз мактаби миёнаи №28-и шаҳри Кўлоб оғоз намуда, солҳои 1995-1998 дар мактаби миёнаи №54-и шаҳри Душанбе, солҳои 1999-2000 дар литсей-интернати президентӣ барои кўдакони болаёқати шаҳри Душанбе идома додааст. Соли 2001 мактаб-литсейи №55-и шаҳри Душанберо ба таври экстернӣ бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 2001-2006 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таҳсил намудааст. Ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2006-2014), муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012-2014), муовини мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2015), мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кўдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015-2016) фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2016 ба сифати декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият менамуд.

Муаллифи зиёда аз 100 маводи интишорист. Мавзўи асосии таҳқиқот ва пажуҳишҳои илмии ўро масъалаву муаммоҳои таърихи ҳуқуқи инсон, дурнамои инкишофи падидаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҷаҳонишавӣ ва ҳуқуқ, низомҳои ҳуқуқӣ ва дурнамои рушди онҳо дар шароити ҷаҳонишавии ҳуқуқ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *