Тоҷикистону Чин дар соҳаи коммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ Ёддошти тафоҳум имзо карданд

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз имзои Ёддошти тафоҳум бо як ширкати Чинӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ ин тафоҳумнома  миёни Исфандиёри Садулло  Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳан Сяохан директори Ширкати «Jinda Anbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd»-и  Чин ба имзо расидааст.

Ба гуфтаи мақомот, ин санад ҳамчун заминаи баррасӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманди ҷонибҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, навсозии инфрасохтори рақамӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.

Хадамот ҳадафи ин Ёддошти тафоҳумро  «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», инчунин ташаббуси байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ»  гуфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *