Тоҷик Эйр ва Сомон Эйр — ки бурду ки бохт?

Агенти авиатсияи гражданӣ дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо иштироки намояндагони ВАО дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар «нишасти матбуоти доир намуд. 

Нахуст директори  Агенти авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Икром Субҳонзода оиди натиҷаҳои фаъолияти Агенти  дар соли 2018 ба рӯзноманигорон маълумот дода зикр намуд: «Айни ҳол Тоҷикистон бо 23 давлат созишномаи  байниалоқаи ҳавои дорад ва парвозҳои ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар 39 самти (ҶСК «Тоҷик Эйр»- 13 самт ва ҶММ «Сомон Эйр»- 26 самт ) 11 кишвари хориҷии  дуру наздик иҷро гардиданд». Инчунин қайд гардид, аз ҷониби Комиссияи оли тахассусии Агенти авиатсияи гражданӣ соли сипаришуда ба 450 мутахассиси соҳаи авиатсияи кишвар шаҳодатномаи тахассусӣ дода шуда дараҷаи тахассусии 29 нафар мутахассисони соҳа баланд бардошта шуд.  Барои тамоми мусофироне , ки тавассути роҳҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунанд чор фурудгоҳи ватани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе , Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар хизмат мекунанд. Танҳо дар соли сипаришуда фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба зиёда аз 2 млн нафар мусофир хизматрасони намуданд , ки аз ин омор наздик ба 70 фоизи хизматрасониҳо ба Фурудгоҳи  байналмилалии Душанбе рост меояд. Даромади умумии ҶСК » Тоҷик Эйр «( дар соли 2018 -573,7 млн сомониро ташкил намудааст , ки нисбат ба соли 2017 -4, 3 млн сомонӣ  ё 0,7 фоиз кам буда , хароҷот бошад -654, 4 млн сомониро ташкил дода нисбат ба соли 2017 -77, 9млн сомонӣ ё 13 , 5 фоиз зиёд гардидааст. Ҳамзамон даромади умумии   ҶДММ «Сомон Эйр » дар соли 2018 — 1 млрд. 88 млн сомониро ташкил намуда нисбати соли гузашта 118, 3 млн сомонӣ ё 12,2 фоиз зиёд буда хароҷот бошад -1 млрд. 20,4 млн сомониро ташкил намуда нисбат ба соли 2017 -134,4 сомонӣ ё 15, 2 фоиз зиёд мебошад. Аз ин бар меояд, ки натиҷаҳои даромади умумии хизматрасониҳо  хеле назарас буда нисбат ба соли 2017 рӯ ба афзоиш аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *