Тоҷикистон аҳолиашро соли 2020 ба рӯихат мегирад

Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҷаласаро сарвазир Қоҳир Расулзода барпо кард, ки роҳбарии ин комиссияро ба ӯҳда гирифтааст.Барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 барпо мешавад ва дар ҷараёни он, ба қавли Расулзода, ба ҷуз шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон, инчунин маълумот оид ба суръати афзоиши аҳолӣ, таносуби гурӯҳҳои аҳолӣ аз рӯи ҷинсият, синну сол, нишондиҳандаҳои таваллуд ва фавт, шуғл, маълумот ва ғайра сабт мешавад. Ин маъракаи фарогир, ки дар тамоми кунҷу канори кишвар барпо мешавад, дар доираи Барномаи умумиҷаҳонии барӯихатгириҳои аҳолӣ ва фонди манзил барпо мешавад, ки аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ амалӣ хоҳад шуд. Барӯйхатгирии аҳолӣ бори охир соли 2010 баргузор шуд. Маъракаи нав дар ҳоле барпо мешавад, ки охири моҳи маи соли ҷорӣ мақомот дар бораи аз марзи 9 миллион нафар убур кардани шумори шаҳрвандони Тоҷикистон хабар доданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *