Тоҷикистон Ҷоми гӯштини камарбандии ҷаҳонро соҳиб шуд

Мунтахаби Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон оид ба гӯштии камарбандӣ, ки дар шаҳри Оренбурги Русия барпо гашт, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа 54 имтиёз ба даст овард ва  зинаи аввалро ишғол намуд.

Дар ин бора раиси Федератсияи гӯштини камарбандии Тоҷикистон Анвар Қосимов иттилоъ дода, афзуд, ки   аъзои мунтахаб Муҳаммадғуфрон Тошзода дар вазни то 68 кило ва Достон Почоев дар вазни то 90 кило ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқа мушарраф шуданд. Чор варзишгари дигар— Самандар Эрназаров (вазни беш аз 100 кг), Абдураҳмон Маматқулов (то 100 кг), Рӯзибой Сафаров (то 82 кг) ва Абуэҳсон Ашӯрзода (то 75 кг)  бо медалҳои биринҷӣ  сарфароз гаштанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 8 варзишгар, мураббӣ ва ду довар иборат буд. «Дар ҳисоби умумидаставӣ Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ зинаи аввали Ҷоми гӯштини камарбандии ҷаҳонро ишғол намуд», -иброз дошт ӯ.

Акнун варзишгарони мо ба ду мусобиқаи пурнуфузи дигар — Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи июл дар Қазоқистон доир мегардад ва Бозиҳои 5-уми Осиё дар биноҳо (17-27 сентябр) омодагӣ мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *