Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Аввали рӯз муқобили нақша амал нанамоед. Ҳангоми суҳбат боэҳтиёт бошед. Нимаи дувуми рӯз табъатон болида мегардад. Эҳтимол дар ҷои кор ва хона нофаҳмӣ ба миён меояд. Ҳатман шумо бояд забони аҳли хонаводаро пайдо намоед ва муносибатҳоро муътадил намоед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯз барои инкишоф додану мустақилона ба анҷом расонидани баъзе корҳо хос аст. Миёни атрофиён нофаҳмӣ сар мезанад.Нимаи дувуми рӯз ба ҳама мушоҳидаҳоятон бовар накунед, танҳо ба садои дилатон гӯш кунед. Фаромӯш накунед, ки на ҳама он чизе, ки медурахшад зар аст.
Асадҳо тӯли рӯз баъзе муаммоҳоро кушодан мехоҳанду ба баъзе мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Амалҳои махфиро рӯи об бароварда, дар нуқтае қарор мегиред, ки ҳатто душманон обе намеёбанд, ки худро пок созанд. Барои мулоқотҳои ошиқона ё нишасту маҳфилҳои дӯстона шом фурсати беҳтарин аст. Махсусан, вақте сабаб барои ҷашн гирифтан ҳаст.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз бо дӯстон ва шиносон дар муошират мемонед. Кори гурӯҳӣ мушкил аст, аз ин хотир шуморо ба истироҳат рафтан пешниҳод мекунанд. Нақшаи пешниҳодкардаатон диққати роҳбарро ҷалб сохта, корҳоятон пай дар пай боло меравад ва шуморо қадрдонӣ менамоянд. Истироҳат хуб ва вохӯриҳои хотирмон шоми имрӯз интизори шумост.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Мизонҳое, ки кор мекунанд, диққати асосиашонро ин имрӯз бояд ба кор равона кунанд, зеро баъзе мушкилоте сар заданаш мумкин аст. Дар муносибат бо ҳамкорон ба хушгапӣ ва ширинсуханӣ диққат додан, эътиборатонро зиёд мегардонад. Ҳангоми интихоби тӯҳфа аз мслиҳати бонуи шинос истифода баред.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Ба намуди зоҳирии худ диққат дода нақшаатонро барбод надиҳед. Нуқтаи заруриро дида, баҳои носазо надиҳед. Камбудӣ, норасогии ҷойдошта ва асаби ноороматонро ба тартиб дароред. Нафароне, ки аз интернет ва техникаҳо кор мебаранд, бояд бештар ғизоҳои табиӣ истеъмол намуда дар ҳавои тоза сайру гашт кунанд.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Масъалаҳои молиявиатон мушкилии асосии рӯз ба шумор меравад. Вале ин маънои онро надорад, ки тамоми рӯз бо пул сарукор мегиред. Воқеъае, ки нимаи дувуми рӯз ба вуқӯъ мепайвандад барои табобат ва беҳтар сохтани вазъи зиндагиатон мусоидат мекунад. Қавсҳои сабукфикр миёни рӯз ба мушкилот дучор мешаванд.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҷаддиҳоро лозим аст, ки дар муносибату муошират бо дигарон тамоми рӯзҳушёриро пеша кунанд. Онҳое, ки муҷаррад ҳастанд, дар назар аст, ки тӯй мешаванд. Бо яке аз ҳамкоронатон муноқиша бармехезад.Вале бо кумаки нафари калонсол ин муноқиша ҳал хоҳад шуд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар давоми рӯз он мушкилиҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳад, ба осонӣ паси сар менамоед. Заҳмати зиёд кашида, қарзҳоятонро бар гардонида, аз қисми он халос мешавад. Агар тамоми рӯз бар зарари худ кор карда бошед, охири ҳафта ранҷ мекашед. Аз ин рӯ, ғами саломатиатонро низ хӯред.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Тамоми рӯз бо шахси дӯстдоштаатон истироҳат гузаронидана боиси ранҷиши атрофиён мегардад. Агар шумо шахси эҷодкор бошед, фикру андешаҳоятонро шарикони кориатон қабул намекунанд. Шом вазъият душвор гашта, бо яке аз дӯстонатон муноқиша менамоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ